​Маросими тақдими дипломи курси такмили ихтисос

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими тақдими дипломи курси такмили ихтисос доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, сармутахассисиДонишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олиикасбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хомӯшов Илҳомҷон, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ дотсент Пӯлотов Назирҷон иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода омӯзгоронро ҷиҳати бо муваффақият гузаштан аз курси такмили ихтисос табрик намуда, аз аҳамият ва нақши курси мазкур дар такмили маҳорати омӯзгорон таъкид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки курси такмили ихтисос аз рӯи ихтисоси молия (бонк, суғурта, андоз, иқтисоди ҷаҳонӣ, туризм) аз санаи 10 октябр то 26 октябри соли 2022 ба роҳ монда шуда, ба он 25 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷалб гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки иқдоми мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорон мунтазам ба роҳ монда мешавад.

Ба шунавандагони курс дар вазъияти тантанавӣ дипломи курси пурраи такмили ихтисос супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ