Мароми мо ваҳдати миллӣ
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд. Андешаи сулҳу ваҳдат ва фалсафаи таҳаммулгароӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷисму равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу одоб, фарҳангу маданият ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд.
Дар рӯзҳои охир сар задани ҳодисаҳои нохуш бо талофоти ҷони инсонӣ дар Кӯҳистони Бадахшон кулли халқи тоҷикро ба таҳлука андохтааст. Гирдиҳамоии халқи адолатпарвари Бадахшонзаминро хуб дарк менамоем. Вале бо силоҳ баромада роҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро гирифтани як қатор иштирокчиёни гирдиҳамоӣ, он миш-мишҳое дар расонаи интернетӣ ба назар мерасанд, ки помириҳо ҷудоиро мехоҳанд, ин боиси нигаронист. Мо чунин фикру андеша дорем, ки он шахсоне, ки чунин фикр мекунанд, душмани ягонагии Тоҷикистони азизи мо мебошанд, парокандагии халқи тоҷикро хоҳонанд. Мо бояд лаҳзаҳои ҳассоси солҳои навадумро ба хотир оварем.
Ақлу хиради азалӣ ва сабру таҳаммули беназири мардуми мо буд, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва фоҷиабори асри гузашта – вақте ки хатари пароканда шудани миллат, аз байн рафтани низоми давлатдорӣ ва аз харитаи олам нест гардидани давлати тоҷикон ба миён омада буд, моро наҷот бахшид.
Имрӯз ҳам, вақте дар Кӯҳистони Бадахшон гирдуҳамоиҳо на якумин бор сар зада истодааст ҳамаро бояд водор созад, ки ақлу хиради азалии худ ва таҳаммулпазириро пеша намуда, масоилҳое, ки дар сарзамини Бадахшони тоҷик пайдо шудаанд, сарҷамъона, бо ҳамдигарфаҳмиву сулҳу салоҳ ҳаллу фасл намоянд. Насли калонсоли ин сарзамин, ки дорои ҳурмату эҳтироми насли ҷавони ояндасоз мебошанд, бо ҳукумати он дар сари мизи мудаввар нишаста, масоилҳои сарзадаро хирадмандона, мӯшикофона ҳаллу фасл намоянд.
Бояд ҳамагон донем, ки бузургии имрӯзаи халқи тоҷик дар дӯстиву рафоқат ҳамдигарфаҳмиву дастгирӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ мебошад, зеро дар сарҳадҳои Тоҷикистони азизи мо сар задани масоилҳои ҳалталаби сарҳадӣ, бахусус нохушиҳои дар ҷаҳони имрӯза сар зада инро тақозо менамояд.
Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Акилова Мавзуна Маҳмудҷоновна