Маърифати оиладорӣ

Бо ташаббуси дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқ Қӯзиева Нодира таҳти унвони “Оилаи солим – ҷомеаи солим” дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар дарс донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисоси арабӣ-англисӣ иштирок намуданд. Дар доираи дарс ироаи маърӯзаҳо оид ба мавзӯи “Оила”, намоиши наворҳои тарбиявӣ, суруд бо забони тоҷикӣ, саҳнаи аҳлоқӣ-тарбиявӣ, қироати шеър ва гуфторҳо бо забонҳои гуногун сурат гирифт.

Ҳамзамон, донишҷӯён ба суоли “Сирри хушбахтии оила дар чист? ва “Сабаби вайроншавии оилаҳои ҷавонро дар чӣ мебинед?” байни ҳам табодули афкор намуданд.

Мақсад аз ин ташаббус таҳкими маърифати оиладорӣ миёни донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ