Мардуми Тоҷикистон тарафдорӣ сулҳу Ваҳдат мебошанд!
Муносибатҳои ду давлатҳои ҳамсоя, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар солҳои охир бо туфайли масъалаҳои сарҳад хело мураккаб, дар ҳолати ҷанг мебошад. Тезу тунд шудани муносабатҳои сарҳадӣ дар оқибат моҳҳои апрели – маи (29 апрел – 3 май) соли 2021 ва сентябри (14-16) соли ҷорӣ ба амалиётҳои ҷангӣ сабаб гардед, ки дар оқибат даҳҳо одамон кушта садҳо одамон жароҳат гирифтанд. Оғози муаммои сарҳадие, ки барои давлатҳои соҳибистиқлол аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар натиҷаи тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ мерос гузоштааст, мана сӣ сол аст, ки ҳалли худро наёфтааст. Ҷангҳое, ки дар боло қайд гардед ва моҷароҳое, ки ҳар рӯз дар сарҳад рӯй медиҳад ва сабаби асосии амалиётҳои ҳарбӣ дар мобайни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. То он даме, ки масъалаи сарҳад, замин ҳал намегардад, ин ҷанҷол ҳал намешавад, ҳеҷ гоҳ моҷарои байнидавлатӣ ҳалли худро намеёбад. Чӣ тавре, ки медонем, дар Ҷумҳурии Қирғизистон, дар 15-20 соли охир мардум ба анархия, бесару сомонӣ одат кард. Дар назари мамлакатҳои абарқудрати Ғарб, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ Чумҳурии Қирғизистон наздик бист соли охир ҳамчун давлати демократӣ маънидод карда шавад ҳам, дар асл ин давлат маркази бесарисомонӣ, нооромӣ, имрӯзҳо бошад маркази иғво ва бесарусомонӣ табдил ёфтааст. Ин табиати ҷамъияти Ҷумҳурии Қирғизистонро худи сиёсатмадорони солимфикри қирғиз ҳам дуруст дарк менамоянд. Аз ҷумла, вакили мардумии парламони Ҷумҳурии Қирғизистон Адахан Мадумаров таъкид месозад, бо туфайли сиёсати ноустивории Ҳукумати Қирғизистон бо ҳамаи ҳамсоягон (ғайр аз Тоҷӣкистон бо Ӯзбекистон, Қазоқистон) дар масъалаи сарҳад муаммо доранд ва сабаби ҳал наёфтани ин муаммоҳо бо кӯтоҳандешагии бевосита роҳбари давлат ва аъзоёни Ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳурии Қирғизистон алоқаманд мебошад. Қайд кардан ҷоиз мебошад, ки худи вакили мардум Ҷумҳурии Қирғизистон Адахан Мадумаров ҷамияти қирғизро огоҳ месозад, ки бо туфайли сиёсати ноустувори роҳбари давлат ва аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷумла, К. Ташиев, дар оқибат Ҷумҳурии Қирғизистон бо давлати Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳамсоя дар ҳолати ҷанг, бо дигар давлатҳои ҳамсоя ба монанди Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар баҳсу талошҳои беасос мебошад.
Мардуми соҳибтамаддуни тоҷикон ҳамма давру замонҳо бо дигар қавмҳои ҳамсоя дар муросо ва модоро зиндагӣ кардааст. То имрӯз ҳам асоси моҳияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат Имомалӣ Раҳмон, таъмин нмудани тинҷуву осоиштагӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Бо туфайли ин сиёсат Пешвои миллат, ҳамчун арбоби шинохтаи ҷамъиятӣ дар ҷаҳон, обрӯ-эътибори калон доранд. Мардуми Тоҷикистон Пешвои худро ва сиёсати сулҳофари онро ҳама вақту замон дастгирӣ менамоянд. Зинда бод, озодӣ ва Истиқлолияти Ватан!
Алишер Норов