​Мардум ҳеҷ гоҳ аз ҷинояткор ҷонибдорӣ намекунад

Мардуми кишвар тайи сӣ сол аст, ки дар фазои осудаву тинҷи Истиқлол кору зиндагӣ мекунанд. Истиқлолияти давлатии кишвар, ки пойдории он боиси рушду нумӯи ҳамаҷонибаи кишвар гардидааст, барои мардуми мо азизу муқаддас аст. Арзиши баланди соҳибистиқлолӣ пеш аз ҳама дар ваҳдату ҳамдилӣ ва сулҳу осоиштагӣ ниҳон аст. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ иддае аз душманони миллат хостанд ба пояи ин арзиши волои зиндагӣ латма зананд. Ин гурӯҳҳо бо дастгирии баъзе нерӯҳои беруна бо дасисаҳо кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Давоми панҷ соли нобасомониҳо низоми давлатдорӣ фалаҷ гардида, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар аз рушд бозмонданд. Сатҳи зиндагии мардум паст рафта, ояндаи неку осуду уммеду орзуяшон буд. Ва ниҳоят ин рӯзи муборак ба мардуми сарбаланди тоҷик фаро расид. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардида, ваҳдати миллӣ даст дод. Нерӯҳои мухолифин, ки сабабгори низоъ ва хунрезиҳо буданд, авф ва бар замми ин, дар сафи ҳокимият барои кор ҷалб карда шуданд. Дар зарфи ин солҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҳама ҷиҳат ба рушди назаррас расида, имрӯз аз кишварҳои пешрафтаи минтақа аст. Муҳимтар аз ҳама, яке аз амнтарин кишварҳост, ки барои як давлати соҳибистиқлол хусусияти волотарин аст.

Аммо бо гузашти солҳо мебинем ва борҳо шоҳид мешавем, ки аз воқеаҳои талхи таърих бархе ибрат намегиранд. Чанд воқеаҳое, ки давоми солҳои охир гузаштанд, бори дигар ҳушдор медиҳанд, ки ҳанӯз иддае аз хоинону миллатбадбинон дар пайи халалдор сохтани тинҷиву осудагии кишваранд. Ин тоифаи бадбини миллату давлат бо кӯмаку дастгирии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд вазъияти пурпечутоб ба миён оранд. Ҳодисаҳои моҳи охир дар Вилояти Кӯҳистони Бадахшон ин гуфтаро бори дигар собит мекунад. Чанде қабл прокуратураи ин вилоят нисбати яке аз бо ном пешвоёни ғайрирасмӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров парвандаи ҷиноятӣ кушод. Номбурда барои истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият, таҳқири намояндаи ҳокимият, вайрон кардани дахлнопазирии манзил ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ гумонбар мешавад.

Мақомоти прокуратура бо далелҳои муайян омилҳои ҷинояткории Боқировро шарҳу тавзеҳ додааст, аммо гурӯҳе аз ҳангомаҷӯён ва фурсатталабон ин вазъиятро низ ба манфиати нақшаҳои ғаразноки худ омехта кардаанд. Бояд таъкид намуд, ки содиркунандаи ҷиноят новобаста аз кӣ будану соҳиби кадом мақому манзалат набуданаш бояд ба кирдорад ҷавобгар бошад. Эълони парвандаи ҷиноятии Боқиров барои иддае аз душманони миллат сабаби ҳангомасозиву тӯҳматпардозиҳои навбатиашон гардид. Аз ҷумла, ҷонибдорони ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ, ки акнун бо номи паймони бо ном миллӣ амал мекунад, аз ин воқеа ҳар заҳза ҳангомаи нав месозанд. Онҳо тинҷиву осудагии кишварро намехоҳанд ва кӯшиш доранд бо барпо кардани низову ихтилоф оромии диёрро халалдор созанд.

Аммо мардуми Бадахшон мардуми сулҳпарвару дурбинанд. Онҳо вазъиятро хуб дарк мекунанд ва дар пешгирии ҳамагуна ҷинояту ҷинояткорӣ мақомотҳои қудратиро дастгириву пуштибонӣ менамоянд. Зеро ҷонибдорӣ аз ҷиноят ин худ ҷиноят аст.

Роҳат Абдуҷабборова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ