Мардони содиқ – зебандаи ватан!
Муҳоҷирати меҳнатӣ ба мамлакатҳои дигарро бештар аз мушкилотҳои иқтисодӣ медонанд, ки мардуми кишварамон низ давраи рӯ ба рӯи чунин ҳол буданд. Ин раванд, баъдан боиси аз хизмати ҳарбӣ саркашиву гурехтани ҷавонони синни даъватро ба бор овард. Шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути сиёсати ғамхоронаву одилонава раиятпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат имконияти қабули шаҳрвандии Россия, яъне душаҳрвандӣ пайдо карданд.Иддае аз сокинони кишвар шаҳрандии Тоҷикистонро инкор кардаву шаҳрвандии Федератсияи Россияро ихтиёр карданд. Вале, то давраи охир сатҳи садоқати ин тоифа ба давлат номаълум буд.
Эълон гардидани маъракаи даъвати ҳарбиёни дар захира қарордошта аз ҷониби ҳукуматдорони Россия, чун индикатор муносибати мардумро ба Ватану ватандорӣинъикос намуд. Садҳо ҳазор нафарони қобили даъват бо ҳар баҳонаю сабаб ба мамалакатҳои дигар кӯчида рафтаанд. Аксарияти мардуми фироркарда ҷавононанд, ки аз ҳифзи Ватани худ дурӣ ҷустаанд. Дар байни онҳо гурӯҳи муайяни сокинони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки шаҳрвандии Россияро доранду мебоист сафи ҳарбиёни Россияро пур мекарданд. Вале, онҳоба Тоҷикистон баргаштаанд, зеро Ватанамон орому осуда асту хавфидаъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ вуҷуд надорад. Чунки, аксарият аллакай аз синни даъват гузаштаанд, дигар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват нахоҳанд шуд. Лек, ботини чунин афродкушода шудааства сазовори эҳтиром намебошанд.
Эҳтимолмеравад, ки дар ҳолати пайдо гаштани зарурат чунин афрод аз хоки Тоҷикистон ба ҷойи дигар кӯч мебанданд! Гӯё паррандаи мавсимӣ бошанду мавзеъҳои иқлимаш гармро интихобменамоянд? Куҷост шарафи мардиву садоқати ватандорӣ? Охир, пеш аз қабули шаҳрвандии Россия онҳо қасамёд карда садоқатро ба зимма гирифтаанд! Ё худ қасамзада будан мехоҳанд, ки бадбахтист ва касофатовар амал аст. Қазоват фармоед, эй мардум? Шумо кистеду чӣ кор карда истодаед? Аз хешу табор, замини поку оби зулоли Ватан шарматон намеояд? Охир, кӯҳсори бовиқори Тоҷикистон мардони сарбаланди матиниродаро офаридааст!
Дар ин радиф, аз ҷомеаи равшанфикронусолимандешони кишвар хоҳонам, ки нисбати воқеияти мазкур баҳсандешӣ кунанд. Зеро, садоқат ба хоки поки Ватан – Модар муқаддастарин вазифаи шаҳрванд астумасъулияти хосаро металабад. Набояд, дар ҷомеаи монафароне бошанд, ки мавқеи дуҷониба ё бетарафонадошта бошанд. Чунин афродро чӣ тавр шинохт ва баҳо дод? Вазъи сиёсии ҷаҳон хеле мураккаб асту эҳтимолан нафарони номбурда барои тарғибгарони ифротзадаи наҳзативу Толибон ва ғайра “гӯшти лаҳм” бошанд?! Бинобар ин, муносибати ҷомеа, масъулинро ба чунин афроди бемавқеъ муайян кард, ки сатҳи садоқатмандии насли ҷавони кишвар коҳиш наёбад. Дар ин, вазъи пуртаҳлукаи муосир мебояд сафи мардонисодиқи Ватан зиёда гардаду ҷомеа онҳоро хуб шиносаду намунаи ибрати садоқатмандӣ донад. Бинобар ин, мебояд муҳаррики тавонои идеологӣ пайваста фаъолият намояду мардуми кишварро аз мавҷудияти фардҳои дурӯя, ноустувор,бафарқ ва амсоли онҳо бохабар созад. Баҳри бартарафу барканорсозии чунин афроди носолими Ватан мебояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа якҷоя талош намоянд.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
Дадобоев М.А.- декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”