Мансаб мефорад?
Шиносоӣ бо маълумотҳои мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси тасодуфан пахш намудани кадом тугмачае шудаасту беихтиёр ваъзхонии роҳбари нохондаи созмони сатҳаш номаълуми Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро гӯш кардам. Мавсуф, ки собиқ роҳбари ҳизби наҳзати Ислом будаасту алҳол бо ҷурми сӯиқасд ба табаддулоти давлатӣ дар кофтукоби байналмилалӣ қарор доштааст, андешаҳоеро баён намуд, ки зоҳиран бемантиқу воқеан сафсата менамояд. Гӯё дар мансаби фаъолияти минбаъдаи худ, яъне барномаи кориро пешниҳод карданист. Суханҳои бемантиқи ӯ ҷиҳати муносибат ба тоифаи ЛГБТ, эродҳо нисбати фаъолияти мақомоти давлатӣ, вазъи кунунии ҷомеа ва ҳоказо собит сохтанд, ки Кабирии хиёнатпешаю ватанфурӯш дучори бемории рӯҳӣ аст, ки табибони равоншинос “мания величия” меноманд.
Рости гап, давоми зиёда аз 15-20 дақиқаи ваъзхонӣ Кабирӣ ғайра аз ҳарзагӯӣ, чун нафари бехабар аз ҳаёти воқеии ҷомеаи созандаю бунёдкори Тоҷикистон чизе дигаре гуфта натавонист. Овозу талаффуз, шеваи гуфтори ӯ шабеҳи андешаҳои охундҳои эронӣ буд, ки тасдиқи ивази мазҳаби динӣ кардани ӯ мебошад. Ҳайрон мемонед, ки охундҳо - ку ғарази маълум доранд, вале Кабириро чӣ ҷин задааст, ки мавқеи онҳоро тӯтивор такрор мекунад. Шояд то ҳол, ҷавоби маблағҳои гирифтаю харҷкардааш барои ташкили номуваффақонаи табаддулоти давлатиро дода истодааст? Зеро, ҳирси молу чиз ба муттаҳамӣ назди маблағгузорон меовараду монанди нашъамандӣ ба сӯзандору одаткарда мебошад.
Давоми шунидани суханҳои пучи Кабирии манфури аблаҳ бори дигар итминон ҳосил кардам, ки ҳамаи кӯшишҳои ӯ барои “мағзшӯйи”- и қишри осебпазири ҷомеа равона гардидааст. Чун, аз симою ҳаракатҳои Кабирӣ дар эфири шабакаҳои иҷтимоӣ бармояд, ӯ ва чоплусони ҳангоматалабаш, ғайр аз гумроҳсозии мардуми оддӣ, алалхусус насли ҷавони камтаҷриба дигар нияту мақсад надорад. Исрору якравии ин тоифаи маркабонро ҳадду канор нест, ки шояд фармоишу талаби хоҷагони аҷнабиашон ба чунин ҳол овардааст? Ё тақаллубкорӣ дар генашон ҷойгир шудаасту ғизои маънавиашон ҳамин аст?
Шунидани хабари боздошт гардидани М.Кабирӣ аз ҷониби пулиси Ҷумҳурии Федератии Олмон умед мебахшад, ки дар оқибат зуннукаш мегираду ботилсозии воқеият барҳам мехӯрад. Ба намояндаҳои пулиси Олмон тавсия менамоям, ки пеш аз ҳама Кабирии муртадро аз муоинаи равоншинос гузаронанду давои худписандии ӯро андешанд. Боқӣ мардуми солимандеши кишвари соҳибистиқлоламон ба чунин ҳарзагӯи ниёз надоранду ба роҳбарияти олии Ватани маҳбубамон эътимоди комил доранду содиқанд. Омодаанд, ки ҳамеша ба ин муғризони наҳзатии мазҳабфурӯш дар муборизаи иттилоотӣ бошанду комёб гарданд.
Ҳаволатаат ба Худо эй Кабирии худозада!
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факуотети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”