Мамлакатро иттиҳод поянда аст!

Мо кулли шаҳрвандони Тоҷикистон - сокинони Суғду Бадахшону Хатлон сарфарозем аз ҳукми тақдир, ки як меҳани биҳиштосо дорем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки монанди пӯсту нохун аз як гиребон сар бароварда, дар роҳи ободонии кишвар камари ҳиммат бубандем. Хусусан, дар шароити пурташаннуҷ ва ҳукмронии фазои ноороми хатарзо дар арсаи ҷаҳонӣ зиракии сиёсиро аз даст надодан, якдилона дар роҳи ҳимояи Ватан истодан афзалияти бештар дошта, муҳиму заруртар аст. Ҳақ бар ҷониби ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аст, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи худ таъкид кардааст:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷанги беҳ аз сад ҳазор.

Қисмати талхи кишвари Украина барои мо бояд намунаи ибрат бошад. Аслан ба маслиҳати авомфиребону душманон гуш андохта, дар Ватан иғвоангезӣ кардан амали разилона, хоинонаву бетааммул аст. Чуноне, ки борҳо таърих собит намудааст, дар як лаҳза кишвари обод, халқаш озод, ҳаёташ осуда, иқтисодиёташ устувор ба майдони муборизаҳои сиёсии абарқудратон, ки дар ниҳоди худ ҳадафи гирифтани манфиатҳои сиёсиву иқтисодиро доро аст, кашида мешавад. Оқибат кишвар пора-пораву фазои оромаш оғуштаи хун, иқтисодиёташ фалаҷ, халқаш гирёну муҳоҷири сарсон мегардад. Чӣ оқибати даҳшатангез, ки аз тафаккури нодурусти ҷомеа ва митингбозиҳои беасоси сохта, кишварро хатар фарогир мешавад.

Аслан заҳролудсозии тафаккури созандаи мардум аз ҷониби тарғиботчиёни хориҷӣ муддати тӯлони давом ёфта, тавассути маблағгузории зиёд ва заҳматҳои бешумор амалӣ мешавад. Онҳо зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро оқибат як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, чуноне ки «аз пашша фил месозанд», дар атрофи он ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеи ба иғво меандозанд. Ин аст, ки бехабар мардуми як кишвар бо дасти худ як давлати ободу осоиштаро ба майдони муборизаҳои абарқудратон, мавқеъгирӣ, иқтидорсанҷӣ ва аслиҳаозмоии онон табдил медиҳанд.

Мо кулли сокинони меҳан бояд бо қалби саршор аз муҳаббат ба Ватан дар роҳи такмили таълим, ҳунаромӯзӣ, тарбияи насли бофарҳанг, ободкориву созандагӣ тамоми кӯшишу заҳматҳоямонро равона сохта, ҳифзи якпорчагии Ватанро софдилона амалӣ созем. Мо тоҷикистонием.

Зилола Комилова - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ