​Мамадбоқиров ба мардуми Хоруғ норомиву бадбахтӣ меорад

Таҳдиду таҳқири Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир нисбати Лутфулло Наврӯзов - сардори Раёсати маориф вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боиси нигаронӣ аст. Ин рафтори Мамадбоқир Мамадбоқиров сокини маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ бо чунин кирдори маҳалгароӣ ва рафтори ғайриқонуниаш бори дигар чеҳраи ҳақиқӣ, шуғл ва касби воқеиашро ба оммаи мардум нишон дод, ки мавсуф аз ҷинояткорон ва ташкилкунадагони амалҳои ҷиноӣ дар минтақаи ВМКБ маҳсуб меёбад. Номбурда шоми 29-январи соли равон, дар ҳолати мастӣбо яроқ ба манзили истиқоматии Лутфулло Наврӯзов - сардори Раёсати маориф ВМКБ даромада, ӯро мавриди лату куб ва таҳқир қарор додааст, ки ин амалалш нобахшиданист ва бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манзили шахс дахлнопазир ва ворид шудан ба манзилро бе ризои шахсони маскуни он манъ кардааст.

Мавсуф ба Лутфулло Наврӯзов “ту аз куҷо мешавӣ” гуфта суол додааст, ки ин суол аломати зуҳуроти бади маҳалгароист. Мо бояд хуб дарк намоем, ки муҳим аз куҷо будан нест, балки муҳим тоҷик будан ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намудан аст, на душманиву бадхоҳӣ!

Мамадбоқиров М. аз ҷинояткорон пушбинонӣ мекунад ва дар меҳвари кору пайкораш манофеи миллӣ ва халқи сарбаланди Бадахшон дида намешавад. Амалу рафтори Мамадбоқиров Мамадбоқир шаҳодат бар он аст, кисаводи казоӣ надорад, дорои маданияти паст ва халқро ба ҷудои андозӣ ва гумроҳӣ мебарад.

Мардуми сарбаланди Бадахшон бояд хуб дарк намоянд, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров комилан бо барномаи тарҳрезишудаи душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик рафтор намуда, амру супориши хоҷагонеро иҷро мекунанд, ки нисбат ба давлату миллати мо носипосу душмананд. Агар саҳфаи умри мавсуфро варақ занем, ҳамеша ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва сабабаи ноором кардани мардум шудааст. Мамадбоқир Мамадбоқиров бо ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни мардум бо лақаби “Боқир”, “Боқир - авбош”, “Боқир - қумандон” шинохта шудааст.

Тасдиқи ин гуфтаҳоро мо боз дар амали ҷинояткоронаи Мамадбоқиров М. мушоҳида мекунем, ки мавсуф шоми 29-январи соли равон, дар ҳолати мастӣбо яроқ ба манзили Лутфулло Наврӯзов – сардори Раёсати маорифи ВМКБ даромада, номбурдаро мавриди лату куб ва таҳқир қарор додааст. Аз ин рӯ, ба мақомотҳои зиддахл талаб менамоем, ки Мамадбоқиров Мамадбоқирбо пайравону ҳамандешонаш ба ҷавобгарӣ кашида шавад, то ки ҷудоиандозиву маҳалгароӣ миёна мардуми Бадахшон решакан гардад.

Аз рафтору кирдори пайваставу ҷинояткорнаи Мамадбоқиров М. хулоса баровардан мумкин аст, ӯ ҳамеша ба манфиати шахсӣ ва иғвагариву дасисаандозӣ миёни мардум, дигар шуғле надорад. Мавсуф зимни дар вазифа буданаш низ суистифода аз мансаб намуда, ба нафъи ҷамъият ва давлат кори некеро ба сомон нарасонида, танҳо ба авбошӣ ва тороҷу ғорати молу мулки мардум ва давлат машғул шудааст.

Ин гуна афрод бозичаи дасти гуруҳҳои ҷиноӣ ва душманони миллати тоҷиканд ва барои мардуми сарбаланди Бадахшон ва хосатан шаҳри Хоруғ танҳо норомиву бадбахтӣ ва ҷуодиандозӣ меоранд.

Агар мо хоҳем, ки насли наврасу ҷавонон дар руҳияи илмандӯзиву инсондӯстӣ, худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёбанд, ин гуна афроди ҷиноятпеша ва худхоҳу дастнигар бояд дар ҷомеаи мо набошад! Ҷойи чунин шахсон паси панҷара ва ҳабси абадӣ аст!

СОРБОНИ Рустам,

устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ