​Мактуби иттилоотӣ: Лоиҳаи “Рушди тафаккури интиқодӣ: муаммо ва ҷустуҷӯ”

Ба таваҷҷӯҳи ҳамаи иштирокчиёни семинари аввала ки охири моҳи майи соли ҷорӣ баргузор шуда буд, мерасонем ки номгӯи мақолаҳои худро бо истифодаи усулҳои тафаккури интиқодӣ ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ расонанд. Барои мисол: Истифодаи методҳои тафаккури интиқодӣ дар ҷараёни гузориши яке аз мавзӯҳои фанҳои таълимии худ.

Ин барои он лозим ки дар хотимаи лоиҳа маҷмӯаи дастури таълимии методӣ бояд чоп гардад. Он мавзӯҳое ки шумо пешниҳод менамоед ба забони тоҷикӣ ё русӣ ба ин маҷмӯа ворид карда мешавад. Хоҳишмандем то санаи 15 декабр номи мавзӯҳоро ба почтаи электронии шуъба (ksu.robita@mail.ru) ё ба координатори лоиҳа (timur-karimov@mail.ru) равон кунед.

Иштирокчиён метавонанд матнҳои мақолаҳои худро то санаи муайяншуда, ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд. Талабот ба мақолаҳо: ҳаҷми мақола 4-8 саҳифа, андозаи А, андозаиҳуруф 14 (Times New Roman Tj), фосилаи байни сатрҳо 1,5. Мақолаҳо бояд бо назардошти талабот бо забони тоҷикӣ ва русӣ , дар сатҳи баланди илмӣ –методи пешниҳод карда шаванд. Интихоби мақолаҳо барои ҷой додан дар маҷмӯа ба салоҳиятикумитаи тадорукот вогузор гардидааст

Телефон: (+992) 92 824 42 88, 92 890 11 17. 92 822 28 82

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ