​Мақоми зан аз нигоҳи Пешвои Миллат

Дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи илм таҳти ин унвон дар факултети таҳсилоти ғоибонаи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар баргузор гардид.

Нахуст номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Матлуба Умарова роҷеъ ба мақом ва мартабаи бонувон дар ҷомеа аз нигоҳи Президенти кишвар маърӯза намуда, иброз дошт, ки зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Сипас, дотсент Абдураҳмон Раҳимов оид ба дастовардҳои илмииустодон-бонувони факултет гузориш омода намуда, қайд намуд, ки имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият додааст. Дар идома Гулбодом Собирова ва донишҷӯи курси 5 Зебо Ҳакимовааз бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ў ҳарф зада, қайд намуданд, ки он қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Ба гуфтаҳои Пешвоимуаззами миллат, мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем, зикр гардид зимни суханрониҳо.

Гулбаҳор Султонова - мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ дарбаромади хешқайд кард, ки Зан-Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрўзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Турдимурод Аҳлиллоев ба сухан баромада изҳор дошт, ки модарону бонувонро на танҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем.

Дар фарҷом донишҷӯёни курсҳои 5 аз эҷодиёти адибон бар васфи Зан –Модар намунаҳои насриву назмӣ қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ