​Мақоми омӯзгор дар ҷомеа

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба “Ҳафтаи илм” бо ибтикори кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ изи мудаввар дар мавзӯи “Мақоми омӯзгор дар ҷомеа” баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Иброҳим Ҷабборов баромад намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар ташаккулёбии сатҳи илмӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард. Мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дотсент Олимҷон Маҳмудов иштирокдоронро бо барномаи чорабинӣ шинос намуда, оид ба нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас ҳарф зад.

Тибқи барнома донишҷӯи курси 5-ум Абдуллоҷон Нозимов дар мавзӯи "Мақоми омӯзгор дар Тоҷикистони соҳибистиқлол: дастовардҳо ва муаммоҳо" маърӯза ироа намуд.

Дар охир перомуни мавзӯи баррасишуда миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот тва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ