Мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо- ҷавоб ба туҳмату савсаттаҳои рузноманигорони кирғиз
Аз расонаҳои хабарӣ мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ дар мавзуи Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?-ро мутолиа намудем. Ў масъалаи марзро бо Ҷумҳурии Қирғизистон хеле хуб ва асоснок таҳлил намуда аст. Ў бо якчанд далелҳо исбот намуда аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягон ҳолат наметавонад ҳамчун кишвари таҷовузкор ё агрессор шинохта шавад. Ў қайд карда аст, ки «Тоҷикистон ба қаламрави қонунии Қирғизистон дахолат надорад ва ба он дахолат ё ҳуҷум накардааст, балки аз кишвари ҳамсоя бозгардонидани заминҳои қонунии худашро талаб дорад. Ҳатто дар ҳолати бо роҳи зурӣ ва низомӣ заминҳои қонунии худро баргарднидан низ, на аз назари ҳуқуқӣ ва на аз назари воқеию таърихӣ Тоҷикистон кишвари ҳуҷумкунанда ва тарафи таҷовузкор намешавад, зеро як кишвар наметавонад ба қаламрави худаш «ҳуҷум» кунад ё ба он «таҷовуз» кунад».
Ҷониби Тоҷикистон тарафдори он, ки муаммоҳои пайдошудаи марзи Тоҷикистон ва Ќирғизистон бо гуфтушуниди тарафайн ва ба эътибор гирифтани манфиатҳои ҳар ду ҷониб гузарад.
Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиќлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.
Даъво ва ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи қирғиз нишонаи халалдор шудан ба яĸпорчагии Тоҷиĸистон ва сиёсати забткоронаи онҳо аст. Агар сомонаҳои иҷтимоиро сарфи назар кунем, ки пур аз туҳматубуҳтонутаҳқиру дасиса нисбат ба тоҷиконанд, сомонаҳои расмӣ низ иттилоотро яктарафа инъикос менамоянд, ки бар хилофи принсипҳои байналмилалии рӯзноманигорист.
Тоҷикон ҳамеша ҷонибдорӣ сулҳу дўстӣ мебошад.Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Зеро яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамзистии осоишта бо ҳамсоягон мебошад.
Барно Умарова