​Мақола ва сохтори он барои маҷаллаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ

Таҳти чунин унвон дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ бо иштироки сармуҳаррири маҷаллаи "Номаи донишгоҳ" номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарифҷон Тоҷибоев семинари илмӣ доир гардид. Дар кори семинар олимони ҷавон, унвонҷӯён, магистрантону докторантон ва донишҷӯёни факултетҳои таърих ва ҳуқуқ ва филологияи рус иштирок намуданд.

Дотсент Шарифҷон Тоҷибоев доир ба навъҳои жанри мақола (публитсистӣ, илмӣ-оммавӣ, илмӣ-тадқиқотӣ) маълумот дода, тарзи навишти дар бораи мақолаҳои илмӣ-тадқиқотиро барои иштирокчиёни семинар шарҳ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз 6 то 20 саҳифа мебошад ва на кам аз 75 дарсадашро фикр ва пешниҳодоти муаллиф бояд ташкил диҳад.

Инчунин доир ба хатоҳое, ки боиси аз нашр боз мондани мақола мегардад, махсус таъкид шуд.

Ҳамзамон, дотсент Тоҷибоев ба суолҳои иштирокчиён посухҳои муфассал дод.

Сафаралӣ Сангинов, аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ