Майдонтозӣ ба аспсавор зебад!
Дастрасии ҳамагон ба расонаи ахбор, алалхусус, шабакаҳои иҷтимоии Интернетӣ падидаи хуби даврони технологияҳои замонавӣ аст ва аз ҳар узви ҷомеа масъулият, ақлу идрок ва поктинатиро тақозо менамояд. Лекин, фаровон ахборро мехонему мешунавам, ки нафарони бадзоту пастфитрати бефарҳанг аз имкониятҳои технологӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои номатлуби сиёсӣ истифода мебаранд. Тоифаи наҳзатиёни хиёнатпешаю ватанфуруш аз ҷумлаи палидони разиле ҳастанд, ки ҳатто расонаҳои хабариро олудаи ифлосиҳои сиёҳмағзи худ кардаанду чунин андеша ба исбот ниёз надорад. Мағзшӯиҳои наҳзатиёни маккор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба табақаи осебпазири ҷомеа – ҷавонон нигаронида шудаасту солимақлон фисқу фуҷур будани онҳоро аллакай дарк кардаанд.
Суханрониҳои фуҷуру бемантиқи Муҳаммадиқболи Садриддин – офаридаи Ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати Ислом дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисоли аққоли мағзшӯиҳои ифротгаро мебошад, ки дар заминаи ғояҳои хоҷагони хориҷии ӯ ба гӯши ҷомеа расонида мешавад. Андешаҳои ин нобакори наҳзатӣ нисбат ба ҳар воқеияти ҳаёти ҷомеаи орому осудаи кишвари соҳибистиқлоламон шаҳодат медиҳанд, ки наҳзатиён чун моргазидаи захролудгашта наметавонанд ҳарфе бидуни ғарази сиёсӣ гуфта бошанд. Алалхусус, ҳамчун воқеаҳои сиёсӣ баҳо додани боздошти ҷинояткоре ё худ авбоше аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин ҳатман тобиши сиёсиро касб мекунад ва хӯрдагири аз амалҳои мақомоти расмии кишвар мебошад. Ин ҳамҷинсгарои худозада аз Иззат Амону Алим Шерзамонов, Боқиру ҳамтӯдаҳояш қаҳрамони миллат метарошаду ақлу тамиз надорад, ки боре аз дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолии кишвар шукрона кунад. Ҳол он, ки тамоми мардуми ҷаҳон, хусусан табақаи солимақлу соҳибфикр аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, пешбурди иқтисодиёт, муносибатҳои муваффақи дипломатӣ, иқдомҳои наҷибонаи табиатдӯстӣ дар истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти каммуникатсионӣ, амнияти озуқавории мамлакат ҳаёти орому осуда ва ҳоказо дар шигифт мондаанду меомӯзанд.
Танҳо тоифаи ифротгарои хоину ватанфурӯши наҳзатӣ бо дастури хоҷагони маблағгузор дар симои Кабирии манфуру ҳаммаслакони ландахур мисоли Муҳаммадиқболи ҳамҷинсгаро дастовардҳои шоистаи мамлакати соҳибистиқлоламонро дидаву шунида наметавонанд. Зеро, чашмони онҳоро ҳирси пулу мол нобино кардасту дар гӯшҳояшон лагади харонаи хоҷагонашон расидааст. Ақаллан, дар вуҷуди худ заррае аз мардию мардонагӣ надоранд, ки пешравиҳои кишвари маҳбубамонро тан гиранду боре баҳри тақвияти он пешниҳоди мушаххас карда бошанд. Баҳри чунин таклифу дархостҳои пешбурди ҷомеа дар наҳзатиён покӣ, ақлу идрок, меҳанпарастӣ, худогоҳӣ, дилсӯзӣ ба Ватан намерасад, зеро саропо ба муғризиву хиёнат, палидиву разолат, макри авомфиребӣ ғӯтидаанду аз вартаи ин бадбахтиҳо халос ёфта наметавонанд, ё худ намехоҳанд?!
Собиров М.С. – устоди ДДХ