​Махзани илму ирфон

Таҳти ин унвон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус чорабинии илм - адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода, мудири шуъбаи тарбия Бахтиёр Маҳмудзода ва кулли устодону донишҷўёни факултет ширкат варзиданд.

Декани факултет Сатторбердӣ Рабиев ба чорабини ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро ба муносибати 90-умин солгарди боргоҳи илму маърифат табрик намуд. Номбурда нақши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар омода намудани мутахасссисони баландпояи илмӣ-педагогӣ басо назаррас арзёбӣ намуд.

Сипас, муовини ректороид ба илм ва инноватсияпрофессор Сабурӣ Хайрулло оид ба дастовардҳоидонишгоҳ, олимонуустодони соҳибкасбу соҳибунвон, фаъолияти факултету кафедраҳо, ихтисосҳои навулабораторияҳои муҷаҳҳазмаълумоти муфассал дод. Дар идома Корманди шоистаи Тоҷикистон, муаллифи китобҳои дарсии математикаи синфҳоиибтидоӣ О. Шуайбоваоид ба таърихи донишгоҳ, вазъи имрўзаи таҳсилу тадрис, ғамхориву дастгириҳоиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони соҳаи маориф сухан карда, аз ҷавононхоҳиш ба амал овард, кибо истифода аз шароитимусоид рисолати хешро дар таълиму омўзиш ва азхудкунии забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати хеш ҳамарўза кўшиш намоянд.

Қисматифарҳангӣ, ки азқироати шеъру гуфторҳо, суруди умумӣ,саҳнавурақсомода шуда буд, хотимабахшимаҳфилиҷашнӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ