​Махсусияти услуби акварелнигорӣ

Бо ибтикори кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ дар мавзӯи “Махсусияти услуби акварелнигорӣ дар мусаввирии факултетҳои санъати тасвирӣ” семинари илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар кори семинар мудири кафедра ва омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.

Семинарро номзади илмҳои педагогӣ Ҳасанов Салимбой ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз баргузории семинарро шарҳ дод.

Сармуаллимаи кафедра Ғаниева Малика зимни маърӯза таъкид намуд, ки дар барномаҳои таълими мактабҳои олӣ оид ба санъати тасвирӣ ба донишҷӯён доираи васеи супоришҳо пешниҳод карда мешавад, ки барои иҷрои онҳо техника ва маводи гуногун (қаламҳои графитӣ, гуаш, акварел, пастелҳо, рангҳои равғанӣ, конструксиясозӣ аз коғаз ва ғайра) истифода мешаванд.

Гуфта шуд, ки аз сабаби он, ки азхуд кардани ин техника вақти бештарро талаб мекунад, баррасии ду варианти таълими он зарур аст:

- Омӯхтани асосҳои акварелнигорӣ пеш аз он, ки асосҳои азхудкунии усулҳои оддитарини расмкашӣ ба даст оварда шудаанд.

- Омӯхтани ин техника,пас аз он ки асосҳои усулҳои соддатар дар раванди фаъолияти тасвиркунӣ (гуаш, маводҳои графикӣ) азхуд карда мешаванд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиёни семинар суолу ҷавоб сурат гирифт.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ