​Махфили илмии донишҷӯён

Дар кафедраи адабиёти рус ва хориҷаи факултети филологияи рус махфили илмии донишҷӯён баргузор гардид.

Ин ташаббус бахшида ба 90 солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуда, дар он устодони кафедра ва аъзои махфил фаъолона иштирок намуданд.

Роҳбаримахфили илмии донишҷӯён сармуаллима Нуждина Светлана баромад намуда, оид ба таърихи таъсисёбии донишгоҳ ва дастовардҳои устодону донишҷӯён давоми мавҷудият ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳо шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ