​Магистрантон ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардиданд

Магистрантони курсҳои якум ва дуюми кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинови факултети математика таҷрибаомӯзии илмӣ-омӯзгориро дар назди кафедра гузаронида истодааснд. Давоми ҳафтаи аввал магистрантон ба дарсҳои омӯзгорону устодон иштирок намуда, ба курсҳои якум, дуюм ва сеюм вобаста гардиданд. Инчунин, аз роҳбарони илмӣ ва омӯзгорони пуртаҷриба роҳу усулҳои муосири таълимро дар донишгоҳ омӯхтанд.

Магистрантон зимни таҷрибаомӯзӣ аз ҳафтаи дуюм, дарсҳои намунавӣ ташкил намуда, мустақилона онро гузаштанд. Ҳамзамон, роҳбарони илмӣ ва омӯзгорони пуртаҷриба ба дарсҳои магистрантон ташриф оварда, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзӣба магистрантон маслиҳатҳои методӣ доданд.

Ҳамин тариқ, магистрантон дониши назариявии худро дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ