​Маҳфили забони фаронсавӣ

Дар факултети забонҳои шарқ дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд - “Alliance Française de Khoudjand” маҳфили забони фаронсавӣ баргузор шуд.

Ин ташаббус дар доираи таҷлил аз 90 – умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ гузаронида шуда, дар он омӯзгори забони фаронсавӣ аз Донишгоҳи Париж хонум Адлин Шӯнон, декани факултет дотсент Раҳимов Ислом, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо, устодону донишҷӯёни ихтисоси “Таъминоти забонии робитаҳои байни фарҳангӣ” иштирок намуданд.

Донишҷӯён доир ба таърихи донишгоҳ ва таҷрибаи омӯзиши забони фаронсавӣ дар донишгоҳ маълумот доданд.

Ҳамчунин, дар маҳфил натиҷаи озмуни “Салом Фаронса”, ки дар байни донишҷӯёни курси аввал гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои хотиравии Сафоратхонаи Фаронса қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ