​Маҳфили навбатии илмии “Рассомӣ” доир гардид

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология санаи 16-уми феврали соли 2023 маҳфили илмии намунавии “Рассомӣ” дар мавзуи “Қонуниятҳои рангшиносӣ дар чор марҳилаи тасвирӣ натюрморт” бо иштироки декани факултет дотсент Хайрӣ Ҷӯраева, муовинони декан ва устодону донишҷӯёни кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар оғоз ба иштирокчиён перомуни маҳфил ва ҳадафи баргузории он иттилоъ дода шуд..

Сипас, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, технология Ҷумаева Дилшода дар баромади худ зикр намуд, ки интихоби дурусти ҷои тасвир бениҳоят муҳим буда, нуқтаи биниш вобаста ба рӯшноии афканда, сояҳои мувофиқ ва муҳити атроф интихоб карда мешавад. Пас аз интихоби ҷои тасвир тасвиргар моделро бо диққат менигарад ва онро якчанд сония бо нигоҳ ва фаҳмишу дониши худ меомӯзад. Хуб мешуд аз ҷои интихобшуда якчанд расмҳои кӯтоҳмуддати ҳаҷман хурд бо қалам, ки ин расмҳо хусусияти ёрирасонро доранд кашад.

Баъдан, перомуни мавзуи баррасишаванда миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, баъзе нуктаҳои дигари қонуниятҳои рангшиносӣ аз ҷониби устодон шарҳу тавзеҳ дода шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ