​Маҳфили илмии “Шарораи илм” баргузор гашт

Бо ибтикори кафедраи технология ва методикаи таълими они факултети санъати тасвирӣ ва технология,тибқи нақша маҳфили доимоамалкунандаи илмии донишҷӯён, “Шарораи илм” баргузор гардид.

Мавзуи илмии маҳфили навбатӣ “Таҳлили мӯд, тарҳ ва намунаи либос” унвон дошт, ки дар он донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси технология. Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ Нигора Фахриева маърӯза намуд. Дар баромад қайд гардид, ки санъати мӯд имкон медиҳад, ки мо бо таърихи сару либос ва мӯди миллию ҷаҳонӣ, асосҳои интихоби масолеҳи либосвор, технологияи тайёр кардани ҷузъҳои гуногуни сару либос, лавозимот ва ороишот, ҳисоб кардани арзиши аслӣ ва нархи маҳсулот, инчунин ташкили истеҳсолоти дӯзандагӣ шинос шаванд.

Иштирокчиёни маҳфил баъди баромад ба музокира баромада оиди тарҳ дар мӯд-тарҳи берунаи либос вобаста ба талаботи мӯд давраи ҳукмронии мӯд мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ