​Маҳфили илмии “Омӯзгори оянда”

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус таҳти роҳбарии Ҳоҷибой Пиров маҳфили илмии “Омӯзгори оянда” бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ба кори маҳфил Садбарг Элмуродова - мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва кабӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҳадафҳу маромҳои маҳфил ёдовар шуд.

Сипас, донишҷӯи курси 3, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ А.Азимова дар мавзўи «Муоширати педагогӣ ҳамчун сифати касбии омӯзгор”, Солеҳзода Умеда - донишҷӯи курси 3, таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзўи «Принсипҳои ассосии корҳои берун аз синфӣ ва берун аз мактабӣ” маърӯзаҳои илмии пурмуҳтаво намуданд.

Дар идома китоби тозанашри доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов, “Масъалаи мутобиқшавии омӯзгорони педагогӣ” муаррифӣ гардид. Гуфта шуд, ки китоби мазкур муҳимтарин масъалаҳои омӯзгориро фаро гирифта, ба омӯзгорони оянда ва хоҳишмандони илму адаб тавсия дода мешавад.

Дар интиҳо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагог, профессор Сабурӣ Хайрулло баромад намуда, афзуд, ки ҳадафи асосии баргузории маҳфилҳои илмӣ бедор намудани шавқу ҳаваси ҷавонон дар рӯҳияи илмомӯзӣ, завқи донишазхудкунӣ, омодагии донишҷӯён ба касби оянда ва тарбияи онҳо дар роҳи ватандӯстию худшиносӣ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ