Маҳфили илмии назди кафедраи умумидонишгоҳии информатика

Маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатика, таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба муносибати солҳои 2020-2040“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва 90- солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид, ки дар он устодони кафедра ва донишҷўён иштирок намуданд.

Ба маҳфили илми-амалӣ мудири кафедра дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшида, аз мақсади ташкил ва гузаронидани ин маҳфил ва ҳадафҳои асосиионҳарфзад. Номбурдадар баромади хеш зикр кард, ки иштирокчиёни навбатии маҳфилиилмию амалии “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” донишҷўёни факултетҳои иқтисодӣ ва санъати тасвирӣ ва технология мебошанд.

Маҳфил бо тариқи озмун азрўи 3 шарт, саволу ҷавоб тариқи ифоҳӣ, истифодаи тахтаи интерактивӣ White board, дохил намудани матн дар барномаи виросторони коркарди матнӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон барои шаффоф гузаштани маҳфили илмию амалӣ аз тарафи устодоникафедра ҳайати ҳакамон иборат аз се нафар муайян карда шуданд, ки онҳо баъди иҷрои ҳар бахш баҳогузорӣ намуданд.

Ҳамин тавр сазовори ҷойи якум донишҷўи факултети иқтисодӣ Ҳоҷиева А., ҷойи дуюм Марупов М. ва ниҳоят ҷойи сеюм насиби Ҷалилова М. гардид.

Ғолибони маҳфил бо ифтихорнома қадршиносӣ карда шуданд. Гуфта шуд, ҷиҳати бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён нисбат ба омӯзиши фаннӣ технологияи иттилоотӣ маҳфил дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ роҳандозӣ карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ