​Маҳфили илмӣ-назариявии “Глятсиолог”

Дар факултети геоэкология ва туризм ҷаласаи нахустини маҳфили илмӣ-назариявии “Глятсиолог”-и назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Саидзода Диловар ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ба кори маҳфил Саидзода Диловар ҳусни ифтитоҳ бахшида, маҳфили “Глятсиолог”-ро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда ва ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи обу иқлимшиносӣ ва пиряхшиносро муҳим арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки пазируфта шудани пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эътироф гардан нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бештар гардонид.

Сипас, дотсент Турдӣ Турдиев – роҳбари маҳфил дар мавзуи “Пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим” маърӯза ироа намуд. Зикр шуд, ки гармшавии глобалӣ ба муҳити зист таъсири фарогир дошта, дар натиҷаи он омилҳои зиёде ба амал меоянд. Пиряхҳо рӯ ба обшавӣ оварда, дар ҳолати ногувор қарор мегиранд. Тағйирёбии иқлим дар сайёра масъалаи танҳо як кишвар нест.

Таъкид рафт, ки обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим оқибат ба ҳама кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба инсоният вобастагии зич дорад ва пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ба ҷаҳониён барои нигоҳ доштани пиряхҳо ва тағйирёбии иқлимро амали саривақтӣ ва бисёр муҳим маънидод намуд.

Ҳамчунин, ҳозирин аз лабораторияи озмоишгоҳи таълимӣ – таҳлилии назди кафедраи экология ва ҳифзи табиат, осорхонаи минерологӣ ва петрографии назди кафедраи географияи табиӣ дидан намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ