​Маҳфили илмӣ-амалии “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”

Маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба ҳафтаи илм ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултетҳои биология ва химия ва таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогиаи махсус баргузор гардид.

Ба маҳфили илмӣ-амалӣ и.в.мудири кафедраи мазкур дотсент Инобатҷон Икромова оғоз бахшида, зикр кард, ки ҳадафи асосии фаъолияти маҳфил татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди технологияи информатсионӣ, ҷомеаи иттилоотӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор, тарбияи ахлоқии ҷомеа, баланд бардоштани маърифат ва дониши илмиву техникӣ ва фарҳангии устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ,ба роҳ мондани иртиботи илмиву техникии олимони донишгоҳ бо намояндагони марказҳои илмии кишвар, технологияҳои захирасозӣ, ҷустуҷӯӣ ва мураттабсозии иттилоот мебошад.

Дар доираи маҳфил чун анъана барои шаффоф гузаштани озмун аз тарафи устодони кафедра ҳайати ҳакамон иборат аз се нафар муайян шуда, се нафар ғолиб дониста шуданд.

Ғолибон бо ифтихорномаи раёсати илм ва инноватсия қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ