​Маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ»

Дар толори факултети филологияи тоҷик ҷамъомади навбатии маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» доир гардид. Нишасти навбатии маҳфил ба мавзӯи «Фарзанд - пайвангари меҳру вафо» бахшида шуд.

Дар доираи кори маҳфил як қатор маъӯрӯзаҳо аз ҷониби раиси шӯроибонувони факултети филологияи тоҷик Раҳимова Мавзунахон, собиқадори меҳнат, аъзои шӯрои фаъолзанони вилояти Суғд Нозимова Муҳаббат, намояндаи шуъбаи тарбияи донишгоҳ Мирзозода Нодирахон шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҷомеаи солимро оилаҳои солим бунёд мекунанд. Фарзанди солим дар оилаи солим тарбия мегирад, оила асоси ҷомеаи солим аст.

Гуфта шуд, ки мисли он ки иморат аз хиштҳо иборат аст, давлат низ аз оилаҳо ташкил ёфтааст. Яке аз вазифаҳои муҳими оила ба дунё овардани фарзанд ва сиҳату саломат ба воя расонидани он мебошад. Фарзандоиларопойдорвамустаҳкамнамуда,қадрумақомионробаландмебардорад, муҳаббатваэҳтиромипадарумодарротаҳкиммебахшад.

Дар қисми фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва санъат шеър ва гуфторҳо доир ба мавзӯи мавриди назар манзур гардида, рақсу суруд иҷро шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ