​Маҳфили “Чароғи ҳидоят” бахшида ба ёдбуди Қодир Бобоҷонов

Дар факултети телекомуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бахшида ба ёдбуди Қодир Бобоҷонов маҳфили “Чароғи ҳидоят” баргузор гардид.

Дар кори маҳфил муовини ректор оид ба тарбия профессор Усмонзода Аюбҷон, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ дотсент Шарипов, муовини декан оид ба тарбия Шукуров ва намояндагони филиали ҶСК “Тоҷиктелеком”-и вилояти Суғд ва ҳамкасбону дӯстони шодравон Бобоҷонов Қодир иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Бобоҷонов Қодир Бобоҷонович 10 ноябри соли 1948 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Ӯ соли 1972 Донишкадаи электротехникии алоқаи шаҳри Ленинград ба номи Бонч - Буревичро хатм намуда, дар вазифаҳои гуногуни соҳаи алоқа фаъолият бурдааст.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳум Бобоҷонов аз соли 2013 ба ҳайси мудири лабораторияи кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ то соли 2020 фаъолият бурдааст.

Хотиррасон шуд, ки Бобоҷонов Қодир муттахассиси варзидаи соҳаи алоқа буда, дар пешрафти фаъолияти кафедра низ нақши назаррас доштанд. Дар тӯли фаъолияти худ барои ҷиҳозонидани лабаратория бо таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ кӯшишҳои зиёде анҷом доада, як қатор таҷҳизотҳо ба лабараторияи озмоишӣ дастрас кардаанд, ки то ҳол донишҷӯён онҳоро дар раванди таълиму тадрис истифода мебаранд.

Дар маҷмуъ, дар доираи маҳфили “Чароғи ҳидоят” аз хидмату саҳми арзандаи Бобоҷонов Қодир ёдоварӣ шуда, аз хислатҳои неки номбурда зикр карданд.

Гуфта мешавад, ки чунин маҳофил ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва меҳнатии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ