​Маҳфили адабии “Нависандагони шинохтаи Фаронса”

Дар китобхонаи илмии донишгоҳ маҳфили адабии “Нависандагони шинохтаи Фаронса” баргузор гардид. Ин иқдом дар доираи ҳафтаи забони фаронсавӣ ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ташаббуси мазкур дар ҳамкорӣ бо маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардид.

Матиз Марку, намояндаи ин марказ ба донишҷӯён оид ба нависандагони машҳури фаронсавӣ маълумоти муфассал дод.

Ҳамзамон, донишҷӯёни факултети мазкур ба адабиёти чопӣ ва электронӣ аз наздик шинос гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ