Маҳфили адабӣ

Дар хобгоҳи духтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона маҳфил доир шуд. Ин иқдом ба муносибати рӯзи милоди як қатор шоирону нависандагони бузурги миллат - Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Мирсаид Миршакар ва Кароматулло Мирзо, ки санаи 20 май таҷлил мегардад, ба роҳ монда шуд.

Дар доираи маҳфил донишҷӯён дар бораизиндагӣ ва фаъолияти шоирону нависандагон маълумот дода, аз ашъори онҳо шеърҳо қироат доштанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо донишҷӯён суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, аз нақшу хидмати бузургон дар рушди илму адаб ҳарф заданд.

Ҳамзамон, донишҷӯён дар бораи нозукиҳои каломи мавзун суолҳопешниҳод намуда, аз Устод Фарзона посухгирифтанд.

Ин ташаббус ҷиҳати тарбияи худогоҳию худшиносии миллӣ,тарбияи эстетикию арҷгузорӣ ба осори гузаштагон нақши муҳим мебозад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ