Маҳфил: Ташаккули салоҳияти дониши хонандагон дар раванди таълим

Бо ибтикори кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими они факултети биология ва химия маҳфили навбатии “Химикони ҷавон” баргузор гардид. Нахуст роҳбари маҳфил муаллими кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Саиданвар Умаров маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо нақшаи маҳфил шинос кард.

Сипас, Моҳрӯза Мелибоева - донишҷӯи курси чоруми ихтисоси химия дар мавзуи “Ташаккули салоҳияти дониши хонандагон дар раванди таълими реаксияҳои химиявӣ” маърӯза ироа намуд.

Дар охир байни донишҷӯён ва маърӯзачӣ саволу ҷавоб ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ