​​Маҳфил: Табиатшиносон ва омўзгорони эҷодкори оянда

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Ҳафтаи илм” бо ибтикори ҳайъати кафедраи табиӣ, риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо маҳфили илмии донишҷўён “Табиатшиносон ва омўзгорони эҷодкори оянда” таҳти унвони “Ҳифзи муҳити зист” доир карда шуд. Дар маҳфил устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Маҳфилро декани факултет дотсент Сатторбердӣ Рабиев ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки ҳифзи муҳити зист вазифаи ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос аст. Имрўз мебояд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон баҳри ободу зебо ва тозаву покиза нигоҳ доштани муҳити зисти худ саъю талош намояд.

Сипас, донишҷўи курсиякум Нисо Ҳодибоева дар мавзўи “Муҳофиати муҳими зист” баромад намуда, изҳор дошт, ки ҳифзи муҳити зист ва табиати ҷонбахш барои мардуми мо вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад.

Инчунин, дар маҳфилаз тарафи донишҷўён қироати шеъру гуфторҳо дар васфи табиати зебои Тоҷикистон қироат гардида, саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ