​Маҳфил: Сохти зарбулмасалу мақолҳо дар забони англисӣ

Дирӯз дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ таҳти роҳбарии сармуаллима М.Файзиева маҳфили навбатии “Филолог” бо иштироки устодону омӯзгоронбаргузор гашт.

Дар маҳфилдонишҷӯ бахши сеюм Азиза Абдулазизова дар мавзӯи “Сохти зарбулмасалу мақолҳо дар забони англисӣ” маъруза ироа намуда, қайд намуд, ки ҳикмат ва руҳияи халқ асосан дар зарбулмасалу мақолҳо ҳувайдо мегардад ва маърифати зарбулмасалу мақолҳои ин ё он халқ бошад, на танҳо баҳри баланд бардоштани дониши забон мусоидат мекунад, балки барои дарки фасоҳати беҳтарини мафкура ва хулқи халқ таъсир мерасонад.

Ҳамчунин муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Икрамова М. ва раиси ШОҶ-и факултет н.и.п, сармуаллима Тағоева С. оид ба мавзӯи баррасишаванда фикру ақида вап пешниҳодҳояшонро баён намуданд. Баъдан, байни аъзоёни маҳфил музокирот сурат гирифт.

Маҳфил бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-амалӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ташкил ва гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ