​Маҳфил: Шинохти Мавлоно дар Чин

Дар факултети забонҳои шарқ бахшида ба Рӯзи Мавлоно маҳфили илмӣ таҳти унвони «Шинохти Мавлоно дар Чин» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Низомиддин Муродӣ перомуни омўзиш ва шинохти Мавлоно дар ғарби Чин маълумоти ҷолиб ироа намуд. Қайд гардид, ки тарҷумаи “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно дар Чин ба забони ўйғурӣ борҳо нашр гардидааст. Шоирону адибони ўйғур аз ашъори Мавлоно пайравӣ намуда, дар татаббӯи «Маснавии маънавӣ» маснавиҳои хешро иншо кардаанд. Зимнан таъкид шуд, ки ки яке аз шоирони мумтози адабиёти ўйғур Мавлоно Хароботӣ, ки баъд аз 500 соли даргузашти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба дунё омадааст, худро фарзанди Мавлоно хонда, маснавие дар пайравии «Маснавии маънавӣ» таълиф намудааст, ки ин баёнгари иродату ихлоси Мавлоно Хароботӣ ба шоир ва мутафаккири тоҷику форс Мавлоно Балхӣ мебошад.

Дар фарҷоми маҳфил декани факултет дотсент Ислом Раҳимов иброз дошт, ки масъалаҳои худшиносӣ, дарки олами ҳастӣ, ахлоқу тарбия дар эҷодиёти Мавлоно ҷойгоҳши махсусро касб менамоянд. Таъкид рафт, ки асарҳои мондагори Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Маснавии маънавӣ» ҳамчун ганҷинаи нодири фарҳангии ҷаҳон дар рушду камолот ва ҷаҳонбинии инсонҳо таъсири мусбат мерасонанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ