​Маҳфил: Некӯаҳволии психологии шахсияти донишҷӯ

Санаи 2-юми декабри соли 2021 бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон дар аудиторияи 208-и факултети забонҳои шарқ маҳфили умумидонишгоҳӣ дар мавзӯи “Некӯаҳволии психологии шахсияти донишҷӯ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи тарбия, дотсент Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Хайёмиддин Исмоилов, мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Ҳусейн Зайтметов, аъзои маҳфилҳои умумидонишгоҳии “Андеша” ва “Пайравони Пешвои миллат” иштирок намуданд.

Нахуст мудири шуъбаи тарбия Бахтиёр Шомирзоев ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Хайёмиддин Исмоилов суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки чорабинии мазкур бо мақсади боз ҳам вусъат бахшидани фаъолияти маҳфилҳои тарғиботчиёни ҷавон, баланд бардоштани қобилияту истеъдоди ҷавонон ва пешгирии падидаҳои номатлуб миёни онҳо ташкил карда шуд.

Номзади илмҳои психологӣ, дотсент Ҳусейн Зайтметов доир ба нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ва Ватани маҳбуб, роҳу усулҳои расидан ба мақсадҳои наҷиб дар синни ҷавонӣ, боварӣ ба худ ва саъю талоши пайгирона, муайян кардани мавқеи худ дар ҷомеа, муносибати дуруст бо атрофиён, истифодаи самараноки вақт баҳри фардои дурахшон, дар худ бедор кардани завқи китобхонӣ ва боз ҳам баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, мубориза алайҳи падидаҳои манфӣ дар ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрами марбут ба ҳаёту фаъолияти донишҷӯён маълумот дод.

Дар назар аст,ки минбаъд чунин маҳфилҳои омӯзишӣ ҳарчи бештар ташкил ва роҳандозӣ гардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ