​Маҳфил: Лаёқати кор бо компютер

Маҳфили илмию амалӣ навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатика, таҳти унвони “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба солҳои 2020 - 2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” доир гардид, ки дар он мудири ШИСТ, дотсент Маҳмадшоев Маҳмадшо устодони кафедра ва донишҷўёни факултети таърих ва ҳуқуқ, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, иқтисодӣ ва математика иштирок ва рақобат намуданд.

Ба маҳфил дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов - мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика оғоз бахшида, аз мақсаду мароми он ёдовар шуд.

Сипас, байни донишҷӯёнозмуназрўи 3 шарт, истифодаи тахтаи интерактивӣ White board дар машғулиятҳои информатика, кор бо филворд ва дохил намудани матн дар барномаи виросторони коркарди матнӣ бо иштироки ҳайати комиссия ҷараён гирифт, ки донишҷўён бо лаёқати баланд шартҳоиҷро намуданд. Ҳайати комиссия барои шаффоф гузаштани маҳфил баъди иҷрои ҳар як бахш ба иштирокчиён баҳогузорӣ менамуданд.

Аз рӯи иҷрои шартҳои озмун ва баҳогузории комиссия сазовори ҷойи якум донишҷўи факултети таърих ва ҳуқуқ Сабрина Солиева, ҷойи дуюм донишҷўи факултети таърих ва ҳуқуқ Мадина Умарова ва ниҳоят зинаи сеюм насиби донишҷӯи факултети математика Азизбек Раҳматуллоев гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ