​Маҳфил: Истифодаи тахтаи интерактивӣ White board

Дар кафедраи умумидонишгоҳии информатика маҳфили илмию амалии навбатӣ таҳти унвони “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии донишҷӯён ва эълон гардидани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки васеи донишҷӯёну устодон баргузор гардид.

Ба кори маҳфил мудири кафедра, дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшида, аз мақсад ва ҳадафҳои асосииташкили маҳфил ёдовар шуд.

Дар маҳфили имрӯза донишҷўёни факултетҳои филологияи тоҷик ва факултети биология ва химия иштирок намуданд.

Чун ҳамешагӣ озмуназрўи 3 шарт «Истифодаи тахтаи интерактивӣ White board дар машғулиятҳои информатика», «Кор бо филворд» ва «Дохил намудани матн дар барномаи виросторони коркарди матнӣ» ба роҳ монда шуд, ки донишҷўён бо лаёқати баланд аз иҷро намудандшартҳо мебаромаданд.

Барои шаффоф гузаштани маҳфил аз тарафи устодоникафедра ҳайати ҳакамон иборат аз се нафар муайян карда шуданд, ки онҳо баъди иҷрои ҳар бахш баҳогузорӣ менамуданд. Сазовори ҷойи якум донишҷўи курси якум, гурӯҳи 104б факултети биология ва химия Маҳина Мирзабдуллоева, ҷойи дуюм донишҷӯи курси якуми факултети филологияи тоҷик гурӯҳи 104, Манижа Ҷумабоева ва зинаи сеюм насиби донишҷўи курси якум, гурӯҳи 101а факултетибиология ва химия Мусаббеҳхон Саидова гардид.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика Ҳусейнбой Аҳмедов ва сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ Ҷамшед Раҳимов барои ғолибони маҳфил ифтихорномаи раёсати донишгоҳросупорида, қайд карданд, ки ин гуна маҳфилҳо бо донишҷӯёни дигар факултетҳо низ, барои шавқу рағбати донишҷӯёнро нисбат ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ бедор намудан гузаронида мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ