​Маҳфил: Донишҷӯёни ихтироъкору навовар

Дар кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳфили навбатии байнидонишгоҳӣ бо иштироки донишҷӯёни ихтироъкору навовари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори маҳфил сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионии ДДҲБСТ, дотсент Заррина Самадова, декани факултети инноватсия ва телекоммуникатсият донишгоҳи мазкур, дотсент Абдуқудус Ҷабборов, мудири кафедраи барномарезии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров н.и.и. Хушбахт Нуриллоев ва дигар устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Заррина Самадова ба кори маҳфил ҳусни оғозҳ бахшида, ташкилу баргузори чунин маҳфилҳои имиро дар татбиқи барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” амали саривақтӣ арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки дар маҳфили мазкур муҳимтарин масаъалаҳои мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, донишҷӯёнро дар роҳи омӯзиши илмҳои дақиқ ҳидоят менамояд.

Сипас, корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва ихтироотии аъзоёни маҳфил -О.Отаназаров таҳти унвони “Принтери планшетӣ” ва Г.Назаров таҳти унвони “Аробача-тренажери роҳпаймоӣ” муаррифӣ ва баррасӣ карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ