​Маҳфил: Чашми ҷон

Дар факултети забонҳои шарқ маҳфили илмӣ-суханварии таҳти унвони «Чашми ҷон» дар мавзӯи “Сурат ва сирати инсон” бо роҳбарии профессори кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Низомиддин Муродӣ гузаронида шуд.

Ба кори маҳфил профессор Низомиддин Муродӣ ҳусни оғоз бахшида, бо мисолҳо аз осори адибони классикии форсу тоҷик ва адабиёти ҷаҳон перомуни сурат ва сирати инсон ибрози назар намуд.

Дар ин асно миёни иштирокчиён озмуни мантиқӣ роҳандозӣ гардид, ки ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки маҳфили илмӣ-суханварии “Чашми Ҷон” моҳе як маротиба таҳти роҳбарии профессор Низомиддин Муродӣ гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ