Маҳфил: Аниси кунҷи танҳои китоб аст...

Мувофиқи нақшаибаргузории ҳафтаи илм бо ташаббуси кафедраи биология ва методикаи таълими они факултети биология ва химия чорабинии илмӣ таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳои китоб аст” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ деканифакултет доктори илмҳои биологӣ Шаҳноза Мирзобаҳодурова иштирок намуда, оид ба аҳамияти маҳфил ибрози назар намуд.

Чорабинии илмӣбо қироатиСуруди миллӣ оғоз гардид. Баъдан, донишҷӯён дар васфи китоб шеърҳо қироат намуданд.

Дар қисмати баъдии чорабинӣ донишҷӯён оид ба ҳаёт ва фаъолияти мутафаккирони тоҷик,шоирон ва олимону нависандагонибузург ба монанди Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин маҳфилҳо пайваста дар дигар кафедраҳои факултет низ баргузор карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ