​Лоиқо, чун лоиқи даврон шудӣ

Бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарси кушоди бахшида ба солгарди устод Лоиқ Шералӣ дар мавзуи “Лоиқо, чун лоиқи даврон шудӣ” аз донишҷӯ-таҷрибаомӯз Насиба Шарифова дар синфи 5 “г” гузаронида шуд. Зимни машғулият хонандагон аз ашъори Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат намуданд. Зикр гардид, ки Лоиқ Шералӣ аз бузургтарин суханварони охири садаи XX буда, бо ашъори хеш дар саҳифаҳои таъриху фарҳанги мардуми форсизабон нақши носутурданӣ гузошт. Гуфта шуд, ки вуруди Лоиқ Шералӣ ба адабиёт, агар аз як тараф, барои офаридани тасвирҳои нави шоирона, образҳои ҷолиб, қабои тоза пӯшонидан ба шеъри урён ва эҳёи суннатҳои фаромӯшшудаи ниёгон сабаб шуда бошад, аз ҷониби дигар, бо шарофати ӯ на танҳо муҳтаво, балки дар мавзӯи шеъри солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи ХХ назари хос ба миён омад.

Мақсади баргузории чунин машғулиятҳои тарбиявӣ дар баланд бардоштани ҷаҳонбинию дониши хонандагон муҳим унвон шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ