​Лабораторияи таълими рақамӣ – дастоварди тоза дар ҳаёти донишгоҳ

Дар идомаи ифтитоҳи лабораторияҳои муосири илмӣ-тадқиқотӣ дар факултети математикаи донишгоҳ низ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом лабораторияи таълими рақамӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Таъкид гардид, ки раванди таълим дар ҷомеаи муосир ҷиҳати гузаронидани таҷрибаҳо талаботи ташкили таълими рақамии фосилавиро дар назди маориф ба пеш гузоштааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар лаборатория барои ҷорӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба рақамикунонии таълими математика ва информатика заминаи мувофиқ фароҳам шудааст.

Интизор меравад, ки дар доираи фаъолияти лаборатория таҳияи видео-дарсҳо, ташкили дарсҳои амалӣ дар шакли форматҳои гуногуни мултимедиявӣ, омода намудани шаклҳои интерактивии мониторинг ва назорати дониш, таъмини дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ, ташкили кори «зинда» ва фосилавӣ бо омӯзгор (веб-конференсия, вебинар, дарсҳо ва семинарҳои он-лайнӣ) бо сифати баланд амалӣ шуда, натиҷаҳои тадқиқот барои таълими фосилавӣ, омӯзиши мустақилонаи фанҳо дар синни калонсолӣ ё якҷоя бо кӯдакон, кори илмӣ, таҳсилоти олӣ бо ҷузъи муҳими амалӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос мавриди истифода қарор гирад.

Маврид ба зикр аст, ки дар лабораторияи таълими рақамӣ ба ғайр аз омӯзгорону кормандони факултет, донишҷӯёни ихтисосҳои математика, информатика, математикаи амалӣ ҷалб мешаванд. Натиҷаҳои тадқиқотҳо ҳамасола барои 2500 донишҷӯи ин факултет дастрас гардида, дар назар аст, ки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён, магистрҳо ва докторантҳо бо тадқиқоти дар лабораторияҳо гузаронидашуда бевосита фаро гирифта шаванд.

Лабораторияи таҳсилоти рақамӣ ба суръат бахшидан ба раванди табдилдиҳии рақамии системаи таҳсилоти миёна ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд нигаронида шуда, метавонад ҳайати омӯзгорони минтақаро оид ба гузариш ба таълими рақамӣ муттаҳид созад.

Масъулин ва ҳайати устодону кормандони факултет муваззаф гардиданд, ки аз имкониятҳои лаборатория фаровон истифода бурда, ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои арзанда тамоми дониш ва таҷрибаи худро равона намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки ифтитоҳи лабораторияҳои мазкур дар ҳаёти донишгоҳ дастоварди тозаи арзанда маҳсуб ёфта, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” судманд хоҳад буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ