​Кӯшишҳо баҳри барқарорсозии фазои сулҳ дар Афғонистон

Субҳи 20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Ширкаткунандагони ҷаласа дар якҷоягӣвазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ намуда, изҳор намуданд, ки вазъ дар ин кишвари ҷангзада мураккабу боқӣ монда, амалҳои террористӣ ва дигар аъмоли хушунатомез бо қурбонии зиёди одамон идома доранд, ки боиси нигаронист.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили фарогирии созмонҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистан ва ба ҳар роҳу васила ҷалб намудани ҷавонони мансуби миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки созмонҳои байналмилалии террористӣ барои мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон ба минтақа ва ҷаҳон хатар эҷод мекунанд.

Ҳамчунин иштирокдорони ҷаласа перомуни аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо назардошти манфиатҳои ҳамаи халқиятҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоиро гуфта гузаштанд. Ҷонибҳо бо мақсади ташкили ҳукумати фарогир ва ором гардидани вазъияти Афғонистон назару пешниҳодҳои худро баён намуданд. Иштирокдорони ҷаласаи мазкур аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор хлҳиш ба амал оварданд, ки дар ҳалли қазияи Афғонистон роҳи ягонаро пеша намуда, тамоми кӯшишҳоро баҳри барқарорсозии фазои сулҳ дар ин кишвар ва таъсиси ҳукумати фарогир ва муборизаи алайҳи терроризми байналмилалӣ дастгирии ҳамаҷониба намоянд.

Умед аст пас аз ҷаласаи мазкур, вазъияти Афғонистон мавриди назари созмонҳои байналмилӣ ва давлатҳои манфиатдор қарор мегирад. Ва ба сари қудрати ин кишвар ҳукумати фарогир меояд.

А.С.Х.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ