​Курси махсус: таҳкими саводи сиёсии донишҷӯён

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои донишҷӯён курси махсус доир ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм идома дорад.

Ин ташаббус шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 ба роҳ монда шуда, ба он донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои донишгоҳ ҷалб гардидаанд.

Дар доираи курси мазкур ба донишҷӯён доир ба таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм маълумот дода шуда, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими дониши сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати донишҷӯён оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва ба ин васила мубориза бо зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад.

Фанни мазкур ба феҳрасти фанҳои кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ворид буда, ҳамчун фанни факултавӣ барои ихтисосҳои мухталифи шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ ҷорӣ гардидааст.

Феълан курси мазкур тибқи нақшаи таълимӣ барои донишҷӯёни тамоми факултетҳо ҷараён дошта, омӯзгорон кӯшиш доранд, ки рисолати худро дар самти таҳкими саводи сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии донишҷӯён анҷом диҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ