Қурбони терроризм ва экстремизм набошем!
Ҷомеаи муосир пур аз тазодҳо, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳо буда, рақобати шадиди абарқудратҳо ва бархӯрди манфиатҳои онҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, мубориза барои афзудани таъсиру нуфуз, ба даст овардани сарватҳои табиӣ, нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ ва ғайра сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораи зиёди гурезагони иҷборӣ, ба вуҷуд омдани норозигӣ ва оқибат пайвастани баъзе гурӯҳҳои ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷиноят мегардад. Хадамоти махсуси давлатҳои ғарб дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ заиф ва ба сиёсати абарқудратон носозгор буда, мухолифони ҳукумат ва ҳатто гурӯҳҳои террористиву экстремистиро таъсис, ҷонибдорӣ ва аз лиҳози молиявӣ, моддӣ, силоҳ ва маънавӣ ҷонибдорӣ ва таъмин менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид менамоянд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Ин суханони Пешвои миллат моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳушёриву зиракии сиёсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти муқовимат бар зидди ин падидаи хатарафзо устуворона фаъолият намоем.
Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гурӯҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дифоъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Экстремизм – аз калимаи франсузӣ ва лотинӣ гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан ва аз андоза гузашатан аст. Экстремист – шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон –дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) шахсро ба терроризм мебарад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат эҳтимол аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он шояд ба ифротгароӣ сабзида расад.
ШОДМОН ШУКРОНИЁН – устоди ДДХ