​Косаи сабр лабрез мешавад!

Давоми даҳсолаҳо баҳси марзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаллу фасл шуда истодаанду созишномаҳои дуҷонибаи сершумор ҷиҳати раванди аломатгузорӣ ва муайяннамоии қитъаҳои баҳоноки марз амал менамоянд. Лекин, ҷониби муқобили тоҷикон тез-тез бо сабабу баҳонаҳои гуногун вазъро дар минтақаҳои сарҳадӣ тезу тунд менамоянд. Амали убури сарҳад дар минтақаи баҳснок, ки санаи 3-июни соли равон дар наздикии деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваст, нишонаи аҳдшикании ҷониби Қирғизистон аст, ки бори аввал нест ва эҳтимолан маротибаи охирин набошад. Зеро, ҷониби муқобилро сабуриву таҳаммулпазирӣ вуҷуд надораду ҳамчун парахаи пойтеша аз шӯълае аланга мегиранду ба тиркушоӣ аз тарсу ваҳм шурӯъ менамоянд. Ҳатто ба кадом сӯ мекушоянд, идора карда наметавонанд.

Ҷониби Тоҷикистон муддати тӯлонӣ таҳаммулу ҳамсоядӯстиро пеша кардаанду ба ҳар як “провокатсия”-и ҷониби муқобил ҷавоби арзанда медиҳанд. Вале, то кай дар натиҷаи аҳду паймоншиканӣ, бетоқативу ҷаҳолати тӯдаи авбошсифатони қирғиз аскарони шуҷои Ватан захм мебардоранду ҳатто аз ҷароҳатҳо ҳалок мешаванд. Охир, қирғизтаборонро ваъдабозию паймоншиканӣ одати бад шудаасту пайваста ҳангомаҳои нав ба нав пайдо мекунанд.

Магар он зарбаҳое, ки бар ивази муттаҳамиву “провокаторӣ”-и худ дидаанд, ки косаи сабри ҷониби тоҷик рӯзе лабрез мешаваду ҳоли қирғизон табоҳ? Аз харидории техникаи бесарнишин чӣ қадар ба воҳима афтодеду таҳлукаандозӣ кардед? Алҳол, ки Тоҷикистон ба истеҳсоли дастгоҳҳои бесарнишини худӣ оғоз кардааст, чӣ мехоҳед?

Маслиҳат медиҳем, ки косаи сабри моро имтиҳон накунед! Аз амалҳои беақлона худдорӣ намоеду баҳсҳои мавҷударо беҳтараш бо мусолиҳа ҳаллу фасл намоед! Вагарна, чун чуғзи бадбӯй аз ҳар маҳалҳои иқомат ронда мешаваду баъдан пушаймон хоҳед шуд! Қудрату тавоноии Артиши милливу ҷасорату заковати Тоҷикистониёнро зери шубҳа нагузоред!? Зеро, шикорчии тоҷик ҳама давру замон ҳам бузи кӯҳию ва ҳам даштиро бехато мезаду имрӯз ҳам хато нахоҳад кард!!!!!!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ