​Коррупсия - ҳамчун зуҳуроти номатлуб

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Вай рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро боз медорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, аз кӯдакон умедро ба оянда кашида мегирад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз некӯаҳволие, ки ба онҳо тибқи ҳуқуқҳояшон мансуб аст, маҳрум месозад.

Мафҳуми «коррупсия» (аз лот.corruptio - вайрон кардан, харида гирифтан) дар ибтидо амалҳои ашхосеро, ки ҳадафашон вайрон сохтан, халал расонидан ба рафти мӯътадили мурофиаи судӣ ё раванди идоракунӣ ба корҳои ҷомеа буд, ифода мекард. Минбаъд зери мафҳуми «коррупсия» харидани шахсони мансабдор, фурӯхташавандагии амалдорон, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсиро мефаҳмидагӣ шуданд.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар таърихи тамаддун якчанд ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Ба андешаи бисёр олимон, нишонаҳои аввалинро дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо), ҳамчунин дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст, ки яке аз бандҳояш, масалан, чунин аст: «Агар одам амволи худо ё қасрро дуздида бошад, ин одам бояд кушта шавад; ҳамчунин оне, ки аз дасти вай чизи дуздиро гирифт, бояд кушта шавад» (ин ҷо сухан дар бораи тороҷи мансабй, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсӣ ва аз худ кардани амволи дар натиҷаи ҷинояти коррупсионӣ ба даст овардашуда меравад).

Динҳои ҷаҳонӣ низ коррупсияро маҳкум карда, аз ҷумла паёмбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: “Ришвагиранда, ришвадиҳанда ва миёнарави байни ҳарду дар оташи дӯзаханд”. Дар чои дигар Паёмбари ислом ин ашхосро сазовори лаънати Худованд хондааст.

Дар асрҳои миёна мафҳуми «коррупсия» боз ҳам васеътар паҳн мешавад. Арбоби намоёни сиёсии он замон Никколо Макиавелли коррупсияро ба беморие шабоҳат додааст, ки дар ибтидо фаҳмиданаш душвору табобаташ осон ва дертар аллакай фаҳмиданаш осону табобаташ қариб имконнопазир аст.

Дар ҷаҳони имрӯза дар санадҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, ки нисбатан серистеъмолашон дар айни замон чунин таърифи пешниҳодкардаи Конгресси нӯҳуми СММ мебошад.

Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷаъмиятӣ буда,омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам,муносибати махсус,муқобилияти комплексӣ ва оперативиро талаб менамояд. Яке аз масъалаҳои харобкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи масъалаҳои иқтисодӣ ин коррупсия ба шумор меравад.Ин бадбахти олмшумурро мо метавонем дар байни соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон илм,фарҳанг,бонкдорӣ,хариду фуруши қоғазҳои қимматнок,молия хоҷагидорӣ ва ҳотто варзиш мушоҳида намоем. Ҳанӯз як чанд аср қабл яке аз мутафакирони бузург Ш.Л Монтеские гуфта буд,ки; «Дар натиҷаиамалҳои коррупсионӣ ,тартиботи хуби ҷаъмиятӣ аз байн рафта,дасгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мегардад» ин мушкилотро мо метавонем яке аз масъалаҳои глобалӣ эълон намуда дар роҳи несту нобуд ва решакан намудани он тамоми сайру кушишро ба харҷ диҳем.

Имрӯз ин мушкилот тавониста истодааст,ки дар кишвари мо тухми худро кошта амалҳои зидди фассоди худро зиёд намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала бетарафи накарда дар давараи рушду нумуъ намудани он 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул намуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳкри Тоҷикистон аз 10- уми январи соли 2007 таҳти №143 Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Агенти назоарти давлатии ва молиявӣ бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори иназорати давлатӣ молявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назоарти давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодӣ давлат, бо роҳҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ,рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои корупсионӣ,фошнамоӣ,таҳқиқи ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ,иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд,инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардаанд,иҷро менамоянд. Ҳамчунин аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда дар зери тавваҷуҳи махсуси Сарвари давлат карор дорад.

Амалҳои коррупсионӣ асосан бештар дар байни кормандони давлатӣ ва шахсони мансабдор ба вуқуъ мепайвандад. Онҳо суистифода аз ваколатҳои хизмати истифода бурда амалҳои худро иҷро менамоянд.Амалҳои коррупсиониро ҳамчунин амалҳои «фассод», «ришва», «пораситонӣ», «сӯдхурӣ», «хушомад задан», низ мегуянд. Роҳбарияти давлат дар роҳи решакан ва пурра неасту нобуд кардани ин амали фассод дар каламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷуӣ намуда тамоми тадбирҳоро амали намуда истодааст.

Коррупсия аз рӯи бахшҳои паҳншавияш дар бахши давлатӣ ва дар бахши хусусӣ ба вуқуъ меояд.

Каррупсия дар бахши давлатӣ-кирдорҳои коррупсионӣ шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ,ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ,мақомоти худидоракуни шаҳрак ва деҳа, муассисаҳо, ташкилот ва корхонаҳои давлатиро дар бар мегирад.
Коррупсия дар бахши хусусӣ-аз он лиҳоз ҷой дошта метавонад.ки хизматчиёни ташкилоти тиҷоратӣ ва ҷаъмиятӣ захираҳои шахсан ба онҳо талуқдоштаро ихтиёрдорӣ намуда, имконият дорад ин ваколатҳоро ба манфиати шахсӣ бар зарари ин ташкилотҳо истифода барад.
Мо дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дошта аз иштироки васеъи аҳолӣ,ташкилотҳои ҷаъмиятӣ ва воситаи ахбори омма васеъ истифода намуда оқибатҳои ин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро ба шаҳрвандон фаҳмонем.

Назарӣ Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ