​Корҳои тарғиботӣ бо мақсади ҷалби довталабон

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамотаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои амалкардаистодаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа тарғиботиву ташвиқотиро роҳандозӣ намуданд.

Устодони факултети забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №36, №57-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, хонандагонро бо равандҳои фаъолият ва базаи моддиву техникӣ ва ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ ошно намуданд.

Гурӯҳи корӣ дар давоми вохӯрӣ хатмкунандагонро бо ихтисосҳои факултетҳои ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аз наздик ошно сохтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ