​Конститутсия - бахтномаи миллат

Бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Трҷикистон бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умуми дар хобгоҳи рақами 9-и донишгоҳ бо донишҷӯёни хобгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони "Конститутсия - бахтномаи миллат" баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ омӯзгорони кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев ва Аҳмадҷон Файзиев дар бораи Конститутсия ва моҳияту аҳамияти таърихии он, ҷавонон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, хидматҳои бузурги Пешвои миллат дар роҳи тадбиқи амалии нишондодҳои Конститутсия баромади муфассал намуданд. Баъдан байни омӯзгорон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт. Чорабинӣ дар фазои озоду муҳокимарониҳо судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ