​Конфронси илмӣ-анъанавӣ дар факултети филологияи тоҷик

Дар факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» конференсияи илмии устодон, олимони ҷавон, докторантону (PhD) магистрантон ва донишҷўён бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва рӯзи илми тоҷик доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 7 кафедраи факултет 19 бахш, дар бахши устодон 80 маърўза, бахши магистрантону докторантони PhD 47 гузориш ва бахши донишҷўён 79 маърўза ва дар маҷмўъ дар факултет 206 маърўзаи илмӣ муҳокима ва баррасӣ карда шуданд.

Дар бахшҳои устодон ва олимони ҷавони кафедраҳои факултет маърўзаҳои илмии устодон бештар ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, таърихи забон, роҳу усулҳои нави таълими забон ва адабиёт, масъалаҳои адабиётшиносӣ, матншиносии осори адабӣ, маърифату шарҳи осори адабӣ, масъалаҳои нақди адабӣ, журналистикаи муосир бахшида шуда буданд.

Дар бахшҳои магистрантону докторантони PhD маърўзаҳои илмӣ аз натиҷаи корҳои анҷомдодаи худ дар асоси мавзуи тадқиқотӣ бештарироа гардид.

Гуфта шуд, ки бахшҳои донишҷўёни факултет ҳам дар сатҳи баланд доир гардида, дар он донишҷўён бисёр бо тайёрии хуб гузориш доданд.

Маърўзаҳои олимони ҷавон аз тарафи устодон муҳокима гардида, барои дар оянда боз ҳам корҳои хуби илмӣ анҷом додан маслиҳату машваратҳо муфид дода шуд.

Зикр шуд, ки садорати факултет дар асоси қарори кафедраҳо аз натиҷаи бахшҳои конференсияи илмии устодон, олимони ҷавон, докторантону (PhD) магистрантон ва донишҷўён маърўзакунандагони беҳтаринро, ки ба гирифтани мақоми аввал сазовор дониста шуданд, муайян ва ҷиҳати қадршиносӣ ба раёсати донишгоҳ пешниҳод намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ